Асосҳои физиотерапия, варзиши муолиҷавӣ ва тибби шарқ
(0 Баррасиҳои корбар)
386
102
Душанбе
Пешрафти илму техника шароити зисти мардумро тағир дод, ва он дар баробари ҷиҳатҳои мусбат таъсироти манфиеро низ, ба мисли гипокенизия дар натиҷаи маҳдуд кардани харакати инсонҳо ва дар натиҷаи он пайдо шудани гиподинамия суст шудани қуввати мушакҳо бор овард.
Усулњои физиотерапия, варзиши шифоӣ ва тибби шарқ ҳангоми табобати бемориҳо ва садамаҳои гуногун, инчунин барқароркунии саломатии беморон бештар мавриди истифода қарор гирифтани истодааст. Ин усули табобат,махсусан дар табобати бемороне, ки нисбат ба доруҳо хассосият зоҳир мекунанд,нақши бузург пайдо кардааст. Аксари усулњои физиотерапия, варзиши шифоӣ (ВШ) ва як қатор усулҳои тибби ғайрианъанавии шарқ таъсироти манфӣ ё ҳассосият (аллергия) зоҳир намекунанд.